Понедельник, 23 ноября 2026
Видеогалерея

Ҷамъбасти озмуни шаҳрии “Сайри гули лола” | Подведение итогов городского конкурса «Сайри гули лола»

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА”

Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо - «Сайри гули лола» барпо гардид.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2023 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супориданд. Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳама номинатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» - Боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ҷойи 1-ум, ҷои 2-юм Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо» (Боғи устод Рӯдакӣ) ва зинаи 3-юм насиби Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» гардид.
Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» - Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) зинаи аввал, Гулгашти хиёбони И.Сомонӣ, ноҳияи Сино зинаи дуюм ва Гулгашти назди муҷассамаи С.Айнӣ зинаи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» - кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) мавқеи аввал, Хиёбони Рӯдакӣ (н. И.Сомонӣ) ҷойи 2-юм, Хиёбони Исмоили Сомонӣ, н.Сино зинаи сеюмро касб карданд.
Номинатсияи Композитсияи беҳтарин Мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ зинаи якум, Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» зинаи дуюм ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ» зинаи сеюмро ишғол намуданд.
«Гулпарвари беҳтарин» - Гулпарвари Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Зоирова Фирӯза Муҳиддиновна дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба Гулпарвари Муассисаи давлатии истифодабари роҳҳои ноҳияи Сино Амирова Гулдаста Миронбеговна дода шуд. Гулпарвари Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» Ҳасанов Наврӯзҷон Маҳмадшарифович бошад сазовори зинаи 3-юм шуд.

Источник: YouTube-канал «ТВ Душанбе» · YouTube