Рахимов Зикриё Гуломович
Автор «Телевидения Душанбе»
Раҳимов Зикриё Ғуломович хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Фаолиятро дар соҳаи телевизион ба ҳайси муҳаррир ва баранда аз соли 2012 оғоз намуда, аз соли 2021 то кунун дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ба ҳайси сармуҳаррири Идораи фарҳангӣ ва барномаҳои мусиқӣ фаъолият мекунад.
Зикриё аз зумраи журналистони ҷавони кишвар аст, ки бо шарофати истеъдоди воло ва маҳорати касбӣ дар байни бинандагон эътироф гардидааст. Новобаста ба муваффақияти доштааш пайваста меомӯзаду маҳорати худро сайқал медиҳад. Дар эҷод нигоҳи нав дорад, аз ин рӯ дар барномаҳояш навоварӣ дида мешавад.
Барномаҳои “Лаҳзае дастрас”, “Истеъдод”, “Роҳи шаб” -ро солҳои 2014-2017 таҳия намудааст, барномаи интелектуалии “Шоҳмот”-ро соли 2017-2021. Барномаи интелектуалии “Шоҳмот”, ки Зикриё Раҳимов ба ҳайси муаллиф ва баранда дар таҳияву пешниҳодашон саҳм гузоштааст, аз тарафи бинандагон ва муҳаққиқон хуб истиқбол гардиданд. Ҳамзамон солҳои 2022-2026 барномаҳои “Аз ёдҳо...”, “Дунёи ҳаҷв”, “Шоми дидор”, “Душанбе – қалби Тоҷикистон” -ро таҳия ва пешниҳоди тамошобинон намудааст, ки аз ҷониби бинандаҳо хуб истиқбол гардидааст.
“Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”
“Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”
- передача
- 0
- выпусков
- 0
- просмотров в соцсетях
- 0
Все выпуски · 0
Выпусков на этом языке пока нет.
