ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ №30-и НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ЧОРАБИНИИ СОЛИМГАРДОНИИ «САЛОМ, ТОБИСТОН!» БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чорабинии солимгардонии «Салом, тобистон!» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади таъмини истироҳати бофароғат, солимгардонӣ ва ташкили фароғати кӯдакон дар фасли тобистон баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ тарбиятгирандагон дар бозиҳои гуногуни шавқовар, ҳаракатӣ ва варзишӣ иштирок намуда, бо табъи болида ва рӯҳияи хуш истироҳат карданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими саломатии кӯдакон, рушди ҷисмонӣ, баланд бардоштани рӯҳияи онҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Чорабинии солимгардонии «Салом, тобистон!» дар фазои хушу самимӣ баргузор гардида, барои тарбиятгирандагон рӯзҳои тобистониро боз ҳам хотирмон гардонид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ