РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар доираи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Хуросон бо иштироки ҳайати расмӣ, аҳли фарҳангу ҳунар ва ҳунармандони ноҳия баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ дастовардҳои ноҳияи Хуросон дар самтҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар доираи барнома меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва офаридаҳои косибони маҳаллӣ дидан намуда, аз санъати волои сокинони ноҳияи Хуросон баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, барномаи пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия пешниҳоди тамошобинон гардида, фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстиро тақвият бахшид.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Хуросон ба муаррифии имкониятҳои фарҳангӣ, ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии миллати тоҷик мусоидат намуда, дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса касб намуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ