Thursday, 19 November 2026
News

ЧОРМАҒЗПАРВАРӢ. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши чормағз ва чӯби босифат созгор мебошад

This page is currently available in Tajik only.

ЧОРМАҒЗПАРВАРӢ. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши чормағз ва чӯби босифат созгор мебошад

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Чормағзпарварӣ яке аз самтҳои сердаромади кишоварзӣ дониста мешавад. Аммо солҳои охир дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи баъзе боғпарварон ба парвариши навъҳои анъанавии ин дарахт то андозае коҳиш ёфтааст. Чормағз на танҳо маҳсулоти пурарзиши ғизоӣ аст, балки дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва таъмини аҳолии деҳот бо ҷойи кор нақши калидӣ дорад.

Парвариши дарахти чормағз

Чормағзпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва анъанавии боғдорӣ дар Тоҷикистон буда, он барои гирифтани меваи серғизо ва чӯби босифат парвариш карда мешавад.

Ходими пешбари илмии шуъбаи мевапарварӣ ва буттамевагиҳои Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нурмаҳмад Камолов гуфт, ки «воқеан ҷойи таассуф аст, ки дар кишвари мо ба аҳамияти иқтисодию экологии дарахти чормағз ва афзудани майдони парвариши он аз даврони шуравӣ то солҳои охир диққати ҷиддӣ дода намешуд ва онро танҳо дар бунёди ҷангалзор истифода мебурданд. Майдони чормағззори мавҷуда ҳам аз шаклу намунаҳои гуногун иборат буда, ҳосилнокиашон хеле паст мебошад. Дар шароити Тоҷикистон айни ҳол дарахтони аз 100-сола болои он зиёд дида мешавад. Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ванҷ дарахтони зиёда аз 800-солаи чормағз мавҷуд аст, ки онҳо ҳоло ҳам ҳосил дода истодаанд».

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров тазаккур дод, ки «сокинон бештар ниҳоли чормағзро аз тухмаш парвариш менамоянд, ки он дертар — дар 5 ё 8-солагӣ ба ҳосил медарояд. Инчунин паҳноии шоху баргҳои чунин дарахт масоҳати васеъ (аз 10х10 то 10х15 метр)-ро фаро мегирад. Имрӯзҳо бо рушди боғҳои интенсивӣ талабот ба дарахтони бузургҷуссаи тухмӣ камтар шудааст. Зеро дарахти чормағз то 20 ва 25 метр баланд шуда, барои корҳои агротехникӣ монеа ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ аз ин гуна дарахтон меваи хуб ва босифат ҷамъоварӣ карда намешавад».

Таъкид гардид, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ навъҳои маҳаллии чормағз парвариш меёбанд, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ харидорони зиёд доранд. Ба хусус, чормағзи навъи «ҳамелӣ», ки асосан дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мерӯяд, бо пӯсти тунук, мағзи сафеди пур ва равғанинаш шуҳрати хосса дорад.

Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?

Солҳои охир дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунёди боғҳои нави чормағз, махсусан дар вилояти Суғд, водии Ҳисор, минтақаи Рашт ва вилояти Хатлон густариш ёфтааст. Дар баробари нигоҳдории чормағззори табиии кӯҳӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон ба бунёди боғҳои интенсивии тиҷоратӣ рӯ овардаанд.

Ба андешаи Ҳикматулло Назиров, дар Стансияи таҷрибавии боғдории ноҳияи Файзобод зиёда аз 60 намунаи дарахтони чормағз парвариш карда мешавад, ки аз байни онҳо навъҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯ интихоб гардидаанд. Дар айни замон дар бештари ноҳияҳо навъи «вистан» парвариш меёбад.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ нақша доранд, ки дар оянда ниҳолҳои пайвандӣ ва интенсивии чормағзро бештар тавсия диҳанд. Зеро дар муқоиса бо ниҳолҳои тухмӣ навъҳои нави пайвандии хориҷӣ аллакай дар соли 3 ё 4-уми шинонидан ба ҳосил медароянд ва дар масоҳати хурдтар (6х6 ё 6х4 метр) ҷойгир мешаванд. Як дарахти болиғ ба ҳисоби миёна дар як сол аз 25 то 60 килограмм ҳосил медиҳад.

Омили камтаваҷҷуҳӣ ба парвариши ин навъи ниҳолро олимони соҳаи кишоварзӣ ба он рабт медиҳанд, ки баъзе боғдорон ниҳолҳои тухмии номаълумро мешинонанд, ки дер ба ҳосил даромада, меваашон хурд ва пӯсташон сахт мешавад. Ниҳолпарварии илман асоснок ва пайвандкунии навъҳои серҳосил ҳанӯз нокифоя аст. Инчунин бисёре аз боғдорон ба шаклдиҳӣ, ғизодиҳӣ ва муборизаи саривақтӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва бемориҳо (аз ҷумла бемории сиёҳшавии чормағз) аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Беҳтарин вақт барои шинонидани ниҳоли чормағз тирамоҳ пас аз хазонрезӣ (дар моҳи ноябр) ё аввали фасли баҳор пеш аз бедоршавии муғҷаҳо мебошад. Дарахти чормағз дар ҳама гӯшаву канори мамлакат парвариш карда мешавад ва талаботи баланд ба намии зиёд надорад.

Иқтидори содиротӣ ва шароити нигоҳдорӣ

Чормағз нисбат ба меваҳои тару тоза (ба монанди зардолу, шафтолу ва ангур) бартарии калони иқтисодӣ дорад, зеро он зуд вайрон намешавад ва хароҷоти нигоҳдории он дар сардхонаҳо хеле кам аст. Мағзи чормағзи Тоҷикистон бо таъми баланд ва таркиби ғании равғании худ дар бозорҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркия ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо харидорони зиёд дорад. Содироти чормағзи коркардшуда (мағзи тозакардашуда ва бандубастшуда) нисбат ба фурӯши чормағзи пӯстдор 2 ё 2,5 маротиба даромади бештар меорад.

Боғдорон иброз намуданд, ки набудани коргоҳҳои муосири хушккунӣ, шикастан, навъбандӣ ва бандубаст боиси он мешавад, ки қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолшуда бо нархи арзон ба миёнаравон фурӯхта шавад.

Меваи чормағз хусусияти то як сол нигоҳ доштанро дорад, вале дар соли дуюм он аллакай талх мешавад. Дар бозорҳо аксар вақт мағзи чормағз ба таври кушода фурӯхта мешавад. Агар мағз дар ҳавои кушод монад, оксид шуда, таркиб ва арзиши ғизоии худро гум мекунад. Аз ин рӯ, беҳтар аст чормағзро бо пӯсташ нигоҳ дошта, танҳо пеш аз истеъмол онро аз пӯчоқаш ҷудо намоед.

Хусусияти шифобахшии чормағз

Олим ва табиби тоҷик, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино меваи чормағзро барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, роҳи нафас ва бар зидди заҳри ҳашарот истифода мебурд. Чормағз дар таркиби худ аз 60 то 82 фоиз равған, аз 15 то 20 фоиз сафеда, аз 5 то 15 фоиз карбогидрат, витаминҳои C, E, B1, B2, B6, каротин, аминокислотаҳои ивазнашаванда ва микроэлементҳои калий, калсий, магний, сулфур, фосфор, руҳ, манган, мис ва фтор дорад.

Барои қонеъ гардонидани меъёри якрӯзаи чарбҳои муфид барои инсон истеъмоли 5–7 дона чормағз кифоя аст. Он ба системаи хунгарди дил таъсири мусбат расонида, барои пешгирии камхунӣ, фишорбаландӣ ва дилзанӣ хеле фоиданок мебошад. Мағзи чормағз ҳатто шаклан ба майнаи сари инсон монандӣ дошта, фаъолияти ақлониро низ тақвият мебахшад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Source: Khovar News Agency · khovar.tj