Thursday, 26 November 2026
News

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад

This page is currently available in Tajik only.

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 19 то 24 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-25 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр, дар ноҳияҳои алоҳида то 13-18 метр дар як сония мевазад ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония вазида,  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Source: Khovar News Agency · khovar.tj