Thursday, 26 November 2026
News

Форуми байналмилалии “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир” коршиносонро дар шаҳри Душанбе ба ҳам овард

This page is currently available in Tajik only.

Форуми байналмилалии “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир”  коршиносонро дар шаҳри Душанбе ба ҳам овард
Форуми байналмилалии “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» доир карда шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии форум масъулин афзуданд, ки таҳкими қонуният, волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва такмили низоми қонунгузорӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ бо суръати бесобиқа тағйир ёфта, равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ ба муҳити ҳуқуқӣ таъсири амиқ мерасонанд, ки нақш ва аҳаммияти илми ҳуқуқшиносӣ ба маротиб меафзояд.Иттило дода шуд, ки форуми байналмилалӣ кори худро давоми як ҳафта идома медиҳад. Дар доираи он баргузории ду конференсияи байналмилалӣ, зиёда аз даҳ мизҳои мудаввар, озмуни ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳти унвони «Ташаббуси ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», хонишҳои ҳуқуқӣ бо ҷалби олимони варзидаи дохил ва хориҷи кишвар ва чандин чорабиниҳои дигари илмию фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои ташаккули илми ҳуқуқшиносии кишвар ва болобурди маърифати ҳуқуқии мутахассисони ҷавон мусоидат менамояд.Дар кори Форуми байналмилалии «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир» олимон ва муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқшиносӣ аз кишварҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Британияи Кабир, Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Украина ва Латвия ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.