РАШТ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №106 се синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Омӯзгори касби дӯзандагии Маркази омӯзиши даврҳои кутоҳмуддати дӯзандагӣ Озодамоҳ Гиёева иброз дошт, ки «дар марказ беш аз 25 мошинаи дарздӯзии замонавӣ мавҷуд аст ва мо метавонем дар ду баст 50 духтарро ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро гирем. Хоҳишмандони омӯхтани ин касб дар ноҳия зиёданд. Дар айни замон мо корро оғоз кардем ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар омӯзонидани ин касб ба занҳои хонанишин ва духтарони мактабхон метавонем саҳм гузорем. Инчунин марказ ба муштариён барои дӯхтани либосҳои миллӣ ва дигар либосҳои замонавӣ хизмат мерасонад».
Мушкилии асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №106, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт нарасидани ҷойи нишаст буд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ дар назди муассиса се синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуд ва ба ин восита мушкилоти норасоии ҷойи нишаст пурра бартараф гардид.
Ба истифода додани ин синфхонаҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ва фарогирии бештари хонандагон ба муҳити созгори таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






