Thursday, 12 November 2026
Video gallery

ШУРУЪИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРГАРДОНҲОИ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ДУШАНБЕ

This page is currently available in Tajik only.

Бо ташаббуси Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Телевизиони Душанбе машғулияти омӯзишӣ барои коргардонҳои шабакаҳои телевизионии кишвар оғоз гардид.

Ҳадаф аз ташкили ин давраи омӯзишӣ такмили маҳорати касбии коргардонҳо, муаррифии равандҳои нави истеҳсоли маҳсулоти телевизионӣ ва табодули таҷрибаи амалии мутахассисони соҳа мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи машғулияти омӯзишӣ барои коргардонҳои шабакаҳои телевизионии кишвар масъулон таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуръати фазои иттилоотӣ ва рақобати афзояндаи воситаҳои ахбори омма, нақши коргардон дар офаридани муҳтавои ҷолибу босифати телевизионӣ ҳарчи бештар муҳим мегардад. Аз ин рӯ, баргузории чунин омӯзишҳо метавонад дар баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони телевизион саҳми назаррас гузорад.

Машғулиятро мутахассиси варзидаи соҳа, директори Телевизиони Душанбе Маъруфҷон Оқилзода роҳбарӣ намуда, дар мавзуи «Нақши коргардони муосири телевизион дар фазои муосири иттилоотӣ» ба иштирокчиён дарс мегӯяд.

Валиҷон Шарифзода 
"ТВ Душанбе"