Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаи Фирдавсӣ, кӯчаи Говоров, бо ташаббус ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ зиёда аз 915 метри мураббаъ роҳ мумфарш карда шуд.
Татбиқи чунин иқдомҳо ба беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои дохилимаҳаллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамояд.



