ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин ҳамоиши адабию эҷодӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, оҳангсозону сарояндагони маъруф ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок менамоянд.
Маҳфил бо мақсади арҷгузорӣ ба сухани воло, гиромидошти саҳми арзандаи шоир дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва тарғиби арзишҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар он иштирокдорон доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёт, мавзуъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ишқу садоқат ва васфи дастовардҳои даврони истиқлол дар ашъори шоир ибрози андеша хоҳанд кард.
Дар барномаи фарҳангии маҳфил қироати шеърҳо аз ҷониби шоир ва ровиёни хушсалиқа, ҳамчунин суруду оҳангҳои дилнишине, ки бар матни ашъори Давлат Сафар эҷод шудаанд, пешниҳоди ҳозирин мегарданд.
Дар назар аст, ки дар маҳфил китоби тозанашри «Достони Душанбе»-и шоир рӯнамоӣ гардад.
Баргузории чунин маҳфилҳои адабию эҷодӣ дар рушди маънавиёти мардум нақши муҳим мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






