Tuesday, 17 November 2026
Culture

«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид

This page is currently available in Tajik only.

«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Достони Душанбе» — таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар нашр гардид. Дар он симои пойтахти мамлакат, таърихи он, дастовардҳои даврони истиқлол ва ҷойгоҳи Душанбе дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар қолаби назм тасвир ёфтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

16 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ маҳфили адабию эҷодӣ ва рӯнамоии ин китоби тозанашр баргузор гардид.

Давлат Сафар дар китоби «Достони Душанбе» рушди пойтахт ва дастовардҳои онро бо эҳсоси махсус ситоиш намудааст. Дар ин асар хонанда дар риштаи назм аз рамзи давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти бесобиқаи Тоҷикистон воқиф мегардад. Шоир зебоиҳои пойтахтро бар вазни «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таълиф намудааст, ки вазни он мутантан, пуршукуҳ ва дилнишин мебошад.

«Достони Душанбе» танҳо тавсифи зебоиҳои пойтахт нест, балки як сайри таърихӣ дар масири тамаддунофарии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Хусусияти ин достон дар он аст, ки шоир ҳама ҷозибаҳои шаҳри Душанберо дар бобҳои алоҳида ба тасвир кашидааст.

Аз ҷумла, «Ватан ҳастии мо, Ватан зиндагист», «Душанбеву Ватан ҳамдостонанд», «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи пойтахт. Соли 1991», «Мақоми Душанбе», «Бунёдгузории ҳайкали Исмоили Сомонӣ», «Бунёдсозии Қасри миллат», «Бунёдгузории сутуни Парчами миллӣ» ва «Шаҳрдори Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалӣ» аз мавзуъҳои ҷолиби асар ба шумор мераванд.

Ҳамзамон муаллиф ба мавзуи боғу хиёбонҳои пойтахт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, боғҳои Устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Низомиддин Алишер Навоӣ, Хайём, Аҳмади Дониш ва Ғалабаро ба риштаи назм кашидааст.

Ин асар ҳамосаи мукаммали худшиносӣ аст. Шоир дар он муҳимтарин хотираҳои таърихӣ, арзишҳои миллию давлатӣ ва ахлоқию маънавии миллати фарҳангсолори тоҷикро тарғиб мекунад. Аз заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозии навини тоҷикон ва кору пайкори шаҳрдори Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шукру сипос ёд менамояд.

Бояд гуфт, ки «Достони Душанбе» асари мондагор ва сабақи хештандорию худогоҳӣ мебошад. Ин китоб барои тарбияи насли даврони истиқлол ба ҳайси дастуру роҳнамо хидмат мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj