Wednesday, 18 November 2026
Culture

Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 11 ноябр дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия таҳти унвони «Русия – Шарқ» («Бозори Шарқ дар Қазон») Фестивали байналмилалии фарҳангҳои миллӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин фестивал ҳамасола доир шуда, дар он ҳунармандон ва намояндагони фарҳангии давлатҳои Шарқ, Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Русия иштирок менамоянд.

Дар доираи ин сафар дар Хонаи дӯстии халқҳои Қазон вохӯрии ҳайати ҳунарӣ бо диаспораи тоҷикон ва донишҷӯён доир гардид. Инчунин вохӯрии намояндагони Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Тотористон Ирода Аюпова баргузор шуд. Зимни он оид ба густариши ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор доир гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои таъсиси ансамблҳои муштарак, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ (қолинбофӣ, заргарӣ, кандакорӣ), таҳсили мутахассисон дар консерваторияҳо ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористонро баррасӣ намуданд.

​АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Source: Khovar News Agency · khovar.tj