ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ–2026 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ансамбл иттилоъ доданд, дар фестивал 195 гурӯҳи ҳунарӣ аз 155 давлати ҷаҳон иштирок намуд.
Ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи амфитеатри Шурои санъати Покистон сурудҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва инчунин сурудҳои покистониро иҷро намуданд.
Иштироки ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фестивали байналмилалӣ имконияти арзишманд барои муаррифии фарҳанги миллӣ, густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон ва таҳкими дӯстӣ дар байни мамлакатҳо мебошад.
АКС: Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






