Monday, 23 November 2026
Culture

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид

This page is currently available in Tajik only.

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» доир гардид, ки дар он ҳунарманди Тоҷикистон Зубайр Каримов соҳиби ҷойи аввал ва ҷоизаи олӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» ҳунармандон, сарояндагон, навозандагон ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз рӯйи номинатсияҳои академӣ, эстрадӣ, хореография, навозандагӣ, инчунин санъати тасвирӣ ва ороиши амалӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи фестивал рушди истеъдодҳои нав дар ин соҳаи фарҳанг, табодули таҷриба байни ҳунармандони давлатҳои гуногун ва муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳ Зубайр Каримов суруди ватандӯстонаи «Республика моя» ва «O Sole Mio»-и итолиёвиро иҷро намуд. Намояндаи Тоҷикистон ҳамчунин соҳиби роҳхати ройгон барои иштирок дар озмуни байналмилалии «Viva Italia» гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj