ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё дар Душанбе барои Тоҷикистон рӯйдоди муҳими байналмилалӣ мебошад. Ин чорабинӣ барои таҳкими ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти таъмини амнияти молиявӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ имконияти хуб фароҳам меорад. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳалим Мирзоалиев иттилоъ дод.
Ба маълумоти мусоҳиб, дар ҳафтаи пленарӣ беш аз 280 нафар аз 15 кишвар ва намояндагони зиёда аз 15 созмони байналмилалӣ иштирок доранд. Ин нишон медиҳад, ки масъалаҳои баррасишаванда барои ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти калон доранд.
«Дар меҳвари ҷаласа омодагӣ ба даври сеюми арзёбии мутақобил, татбиқи стандартҳои ФАТФ, муайян кардани хавфҳои нави молиявӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор қарор доранд. Ҳамчунин масъалаҳои тафтишоти молиявӣ, бозгардонидани дороиҳои ҷиноятӣ ва расонидани кумаки техникӣ баррасӣ мешаванд. Барои Тоҷикистон мизбонии чунин чорабинии байналмилалӣ ҳам масъулияти баланд ва ҳам имконияти муҳими густариши ҳамкорӣ мебошад. Дар айни замон кишвари мо ба даври сеюми арзёбии мутақобили Гурӯҳи Авруосиё омодагӣ мебинад. Аз ин рӯ, мо ба такмили қонунгузорӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангии байниидоравӣ ва баланд бардоштани самаранокии мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ диққати махсус медиҳем», — иброз намуд Ҳалим Мирзоалиев.
Директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки натиҷаи ин вохӯриҳо ба таҳкими эътимоди байни кишварҳо, рушди ҳамкории амалӣ ва таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат мекунад.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






