Thursday, 19 November 2026
Economy

Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид

This page is currently available in Tajik only.

Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону  Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин санадҳо ба рушди ҳамкории дуҷониба, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши ҳамкории мутақобил дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона гардидаанд.

18 ноябр ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии мутақобил ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, Гурӯҳи корӣ оид ба типологияҳо ва мубориза бо маблағгузории терроризм ва Гурӯҳи корӣ оид ба мусоидати техникӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин 18 ноябр намоиши Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ баргузор гардид. Дар он таҳдидҳои муосир ба амнияти молиявӣ дар фазои Авруосиё, аз ҷумла қаллобӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласа доир ба масъалаҳои мубрами таъмини амнияти молиявӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам, инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои минтақа дар самти ошкор ва пешгирии таҳдидҳои молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин рӯз ҷаласаи 33-юми Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ низ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шуро, таҳкими ҳамкории воҳидҳои иктишофии молиявии давлатҳои аъзо, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баррасӣ карда шуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj