Thursday, 26 November 2026
Economy

САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад

This page is currently available in Tajik only.

САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соҳаи саноат яке аз бахшҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дониста мешавад. То имрӯз беш аз нисфи сармояи ба мамлакат воридшуда маҳз ба соҳаи саноат рост меояд. Дар ҷумҳурӣ саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад, ки дорои зарфияти хеле зиёд аст.

Саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо

Дар шароити татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо муҳаррики асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон гардидааст. Азбаски 93 фоизи қаламрави ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ин бахш на танҳо манбаи асосии ашёи хом, балки омили калидии таъмини суботи молиявӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойи нави кор ба шумор меравад.

Ба таҳлили иқтисодчиёни ҷаҳон, омили асосии рушди иқтисодӣ на танҳо захираҳои табиӣ, балки дониш, технология, таҳқиқоти илмӣ ва сармояи инсонӣ мебошанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин назария аҳаммияти амалии махсус дорад, зеро дар шароити рақобати ҷаҳонӣ бартарии воқеӣ на аз ҳаҷми конҳои маъдан, балки аз сатҳи коркарди онҳо, истифодаи технологияҳои нав ва омодасозии мутахассисони баландихтисос вобаста хоҳад буд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мамлакат беш аз 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир кашф шуда, аз ин шумора 100 кон мавриди истифода қарор доранд, ки дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад. Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли сурма дар ҷаҳон дар ҷойи 2-юм меистад. Яке аз конҳои калонтарини нуқра дар ҷаҳон – «Конимансури калон» бо иқтидори зиёда аз 60 ҳазор тонна дар Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳанӯз истифода карда нашудааст.

Тибқи маълумоти Фонди иттилоотии геологӣ, дар ҷумҳурӣ 26 кони аслӣ ва пошхӯрда мавриди коркард қарор доранд, ки захираи умумии онҳо зиёда аз 149,5 миллион тонна маъдан ва 33 140,6 ҳазор метри мукааб қуми зардорро (76,2 миллион тонна) ташкил медиҳанд. Дороии тиллои Тоҷикистонро 130 кон бо захираҳои баҳисобгирифтаи тиллои саноатӣ ва 120 зуҳуроти ғайрисаноатӣ ташкил мекунанд.

Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «тибқи маълумоти Саридораи геология, соли 2024 дар Тоҷикистон 15 кони нави металлҳои нодир, аз ҷумла литий, тантал, ниобий, бериллий, лантан, серий, неодим ва дигар унсурҳо кашф гардиданд. Тоҷикистон дорои захираҳои 10 навъи металл аз 12 металли барои гузариш ба энергетикаи «сабз» аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мебошад, ки ин мамлакатро метавонад ба яке аз иштирокчиёни муҳимми бозори ҷаҳонии ашёи хоми стратегӣ табдил диҳад. Вазифаи вазорат аз он иборат аст, ки гузариши пайгирона аз корҳои иктишофӣ ба азхудкунии ин конҳо таъмин гардида, тавассути ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили истеҳсолоти коркарди амиқи металлҳои нодир дар дохили кишвар арзиши иловашуда зиёд карда шавад».

Металлҳои ранга ва стратегӣ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 дар баробари дигар самтҳо соҳаи саноати металлургия ва истихроҷи маъдан низ ҳамаҷониба мавриди таҳлилу натиҷабардорӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯй маҳсулот — тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол гардида бошад, пас соли 2025 он ба 17 номгӯй расонида шуд. Яке аз ин металлҳо, ки аҳаммияти стратегӣ дорад, сурма мебошад. Дар байни канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сурма яке аз металлҳои стратегӣ ва фоидаовари саноати истихроҷи маъдан ба ҳисоб рафта, ба гурӯҳи металлҳои вазнин дохил мешавад.

Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Ҳаёт Раҳимзода иброз намуд, «сурма (Sb) металли муҳиммест, ки дар соҳаҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла моддаҳои зидди аланга, хӯлаҳо ва нимноқилҳо истифода мешавад. Он дар соҳаи саноат истифодаи сершумор дорад. Масалан, таҳияи батареяҳои дорои иқтидори баланд ба категорияи технологияҳои нав ва энергияи «сабз» дохил карда шудааст. Тоҷикистон аз лиҳози истихроҷи сурма (антимоний) дар ҷаҳон мавқеи пешсаф дорад. Инчунин конҳои бойи сурб, руҳ, мис, симоб, волфрам, молибден, висмут ва металлҳои нодирзамин мавҷуданд».

Тибқи маълумоти Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2022 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз лиҳози истихроҷи сурма ҷойи сеюмро ишғол намуд. Аз ҳаҷми умумии 110 ҳазор тонна ба Тоҷикистон 13 ҳазор тонна рост меояд. Соли 2024 ин нишондиҳанда ба таври назаррас афзуд ва Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма ба ҷойи дуюм баромад.

Гуфта шуд, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқот дар соҳаи металлургияи сурма барои муваффақона ба амал баровардани ҳадафи стратегии саноатикунонии мамлакат ва аз ҷумҳурии аграрӣ ба саноатию аграрӣ гузаштан аҳаммияти махсус дорад. Мавҷуд будани захираҳои бойи табиӣ ва конҳои маъданҳои бисёрунсура, манбаи нисбатан арзон ва дастраси қувваи барқ асоси боэътимоди тараққиёти саноати металлургияи давлат ба ҳисоб меравад.

Ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои нав

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки суръати рушди соҳаи саноат соли 2025 22 фоизро ташкил дод. Дар идомаи ин раванд ба вазоратҳои дахлдор супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми иқтидору имконият рушди воқеии солонаи соҳаро давоми панҷ соли минбаъда дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намоянд. Инчунин дастур доданд, ки бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ бобати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи нави саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ барои солҳои 2026–2030» ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро омода, қабул ва амалӣ гардонанд. Ин барномаҳо метавонанд дар рушди саноати мамлакат қадами муҳим гузоранд.

Сардори Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав Абубакр Пиров иброз намуд, ки «барои рушди ин соҳа ва ҷалби сармояи хориҷӣ соли сеюм аст, ки дар мамлакат Форуми байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургияи Тоҷикистон баргузор мегардад. Баргузории ин форум ба таҳкими робитаҳои байналмилалии корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, тавсеаи ҳамкории технологӣ ва тақвияти иқтидори бахши кӯҳию металлургии Тоҷикистон мусоидат менамояд».

Иброз шуд, ки яке аз самтҳои муваффақи рушди соҳа ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак мебошад. Татбиқи лоиҳаҳои бузург нишон медиҳад, ки мамлакат аз марҳилаи фурӯши ашёи хом ба давраи ташаккули гардиши пурраи металлургӣ ворид мешавад. Ҳамзамон баргузории Форуми байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия дар шаҳри Душанбе заминаи мусоидеро барои муколамаи мустақим байни давлат ва сармоягузорони хориҷӣ фароҳам меорад.

Омилҳои рушди соҳа

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ ва табиӣ мебошад, ки метавонанд заминаи рушди иқтисодӣ ва саноатии мамлакатро таъмин намоянд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёнгари аҳаммияти стратегӣ ва афзалияти рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва маъданӣ мебошад.

Коршиносон таъкид менамоянд, ки рушди саноати маъданӣ, аз ҷумла саноати коркарди маъданҳои фоиданок бояд дар заминаи истифодаи технологияи муосир ва риояи стандартҳои экологӣ амалӣ гардад. Инчунин гузариш аз содироти ашёи хом ба коркарди пурраи ниҳоӣ, навсозии технологӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои рушди соҳа дар Тоҷикистон тадбирҳои калидӣ мебошанд.

Таъкид гардид, ки барои омода кардани мутахассисони касбӣ ва техникӣ дар ҳама сатҳҳо ва кадрҳои дорои малакаҳои баланди менеҷерии корхонаҳо бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ гарданд. Ҳамчунин барои таъмини рушди минбаъдаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо густариши корҳои иктишофи геологӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва таъмини шаффофияти фазои сармоягузорӣ нақши ҳалкунанда доранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj