Thursday, 26 November 2026
Economy

Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд

This page is currently available in Tajik only.

Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ, рушди босуръати технологияҳои энергияи тоза боиси афзоиши талабот ва арзиши бозори маъданҳои стратегӣ то соли 2040 мегардад. Яъне он аз 325 миллиард доллар то соли 2040 ба 770 миллиард доллар афзоиш хоҳад ёфт. Дар ҷумҳурӣ тақрибан 800 кон муайян карда шудааст, ки 100 кони он дар ҳоли истифода қарор дошта, зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истеҳсол мекунанд. Дар мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодии дорои инфрасохтори муқарраршуда ва низоми махсуси андозбандӣ мавҷуд аст. Чунин ибрози назар намуд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди саноати коркард, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз самтҳои муҳими сиёсати саноатии Тоҷикистон мебошанд. Зеро мамлакат дорои захираҳои ғании маъданҳои гуногун буда, дар ин самт имконияти назарраси рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва густариши ҳамкории байналмилалиро дорад. Ин форум низ барои ҳалли ин масъалаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки «барои дастгирии лоиҳаҳо дар ин самт «равзанаи ягона» амалӣ карда шудааст. Вазоратҳои дахлдор омодаанд, ки дар ин самт ҳамкорӣ кунанд. Зеро саноати маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками маъданӣ буда, аз ҷиҳати ҳаҷм барои таъмини рушди дарозмуддати он кифоя аст. Ин барои тараққиёти саноат заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меорад».

Сарвазири мамлакат доир ба ҳадафҳои мамлакат чунин иброз намуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки то соли 2037 аҳолиро пурра бо неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда таъмин намояд. Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ду агрегат ба кор даромадааст ва агрегати сеюм тибқи нақша моҳи сентябри соли 2027 ба истифода дода мешавад».

Форум на танҳо барои муаррифии имконияти геологӣ ва саноатии Тоҷикистон, балки барои барқарор намудани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ, ҷустуҷӯи шарикони нав ва баррасии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Кабир доир ба истеҳсоли «металлҳои сабз» дар заминаи гидроэнергетика, коркарди пурраи маъдан дар дохили мамлакат ва истихроҷи минералҳои стратегӣ чунин гуфт: «Барои рушди соҳа ва коркарди он дар мамлакат барномаи нав таҳия гардидааст. Мо коркарди пурраи металлҳоро дар дохили мамлакат ба роҳ мондаем ва ҳамзамон барои рушди саноати кимиёвӣ нақшаҳои дигарро низ амалӣ менамоем».

Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов иброз намуд, ки «мо нақша дорем, ки бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкориро бештар ба роҳ монем. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дорои захираи калони ашёи хом, имконияти васеъ ва дурнамои энергетикӣ мебошад. Барои рушди ҳамкорӣ бояд корхонаҳо ё барномаҳои нав амалӣ гарданд».

Дар форум гуфта шуд, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯй маҳсулот — тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол гардида бошад, пас соли 2025 он ба 17 номгӯй расонида шуд. Яке аз ин металлҳо, ки аҳаммияти стратегӣ дорад, сурма мебошад. Дар байни канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сурма яке аз металлҳои стратегӣ ва фоидаовари саноати истихроҷи маъдан ба ҳисоб рафта, ба гурӯҳи металлҳои вазнин дохил мешавад.

Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиқов  изҳор дошт, ки «ҳадаф аз ҷамъ омадани мо дар ин форум рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа ва истифодаи имконияти васеъ доир ба коркарди металлҳои стратегӣ мебошад. Зеро бо роҳи ҳамкории якҷоя мо метавонем ин соҳаро дар дохили давлатҳои худ рушд диҳем. Ҳадафи форум низ ҳамин аст».

Ҳамчунин дар доираи форум ҷаласаҳои умумӣ ва нишастҳои мавзуӣ доир гардида, масъалаҳои калидии рушди соҳа, аз ҷумла азхудкунии захираҳои маъданӣ, тавсеаи истеҳсоли металлҳои ранга, рушди ҳамкорӣ дар самти маъданҳои ҳаётан муҳим, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, такмили низоми иҷозатномадиҳӣ ва мутобиқсозии ҳисоботдиҳии геологӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Яке аз самтҳои муҳими муҳокима истифодаи технологияҳои муосир ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар раванди истихроҷу коркарди ашёи хоми маъданӣ буд. Зеро рушди соҳа танҳо бо афзоиши ҳаҷми истихроҷ маҳдуд намешавад. Муҳим он аст, ки захираҳои табиӣ бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта коркард шуда, аз онҳо маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда истеҳсол гардад.

Дар ин замина масъалаи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои ватанию байналмилалӣ аҳаммияти махсус дорад. Ҳамкории судманд бо шарикони хориҷӣ метавонад ба ворид намудани технологияҳои нав, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат намояд.

Инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, риояи меъёрҳои экологӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти соҳа бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Зеро самаранокии воқеии саноати кӯҳию металлургӣ на танҳо бо ҳаҷми истихроҷи маъдан, балки бо саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши даромади буҷет ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.

Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон қадами муҳим дар роҳи муаррифии иқтидори захиравию истеҳсолии мамлакат, густариши ҳамкории иқтисодии хориҷӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин бахши муҳими иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj