ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабару паёмакҳоро дар бораи қарз додан аз номи ниҳодҳои давлатӣ паҳн мекунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар низоми бонкӣ бе санҷиш ва ё арзёбӣ қарз дода намешавад. Аммо қалобон ба шаҳрвандон дар бораи додани қарз бе фоиз, бе гарав ё бе санҷиш паёмак ирсол менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки қаллобон паёмҳо, суроға ё файлҳоро равон мекунанд. Инҳо дар барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо (квитансияҳо), даъватномаҳои тӯй, аксҳо ё дигар намуди маълумот пинҳон карда мешаванд. Боргирӣ ва насб кардани чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкон диҳад, ки ба телефони мобилии шумо, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, барномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дастрасӣ пайдо кунанд, ки ин боиси дуздии маблағҳо мегардад.
Барои ҳифзи маблағҳо ва маълумоти шахсӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ чунин файлҳоро, ки тавассути Telegram, WhatsApp ё дигар манбаъҳои номаълуму санҷиданашуда фиристода мешаванд, боргирӣ ва насб накунанд. Ба паёмҳои шубҳаноке, ки дар паёмрасонҳо, SMS ё почтаи электронӣ меоянд, ворид нашаванд. Ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ кас PIN-кодҳо, рамзҳо (паролҳо), рамзҳои якдафъаинаи SMS ё дигар маълумоти бонкии худро надиҳанд.
Бояд дар хотир дошт, ки кормандони ташкилоти молиявӣ ҳеҷ гоҳ аз мизоҷон PIN-кодҳо, рамзҳо ё рамзҳои якдафъаинаи тасдиқкуниро талаб намекунанд ва инчунин насб кардани барномаҳои бегона ё ғайрирасмиро пешниҳод наменамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро пеша кунанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






