Friday, 27 November 2026
Economy

Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд

This page is currently available in Tajik only.

ДУШАНБЕ, 27.11.2026  /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Денис Мантуров вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Аз ҷумла, масъалаҳои афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.

Таваҷҷуҳи хос ба раванди татбиқи лоиҳаи таъсиси Парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкории истеҳсолӣ равона гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба истифодаи самараноки имконияти мавҷуда барои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва таҳкими шарикии стратегии ду давлат мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj