ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябри соли 2026 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030» тасдиқ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барнома ба рушди таҳқиқоти криосфера, такмили низоми мониторинги пиряхҳо, қабати барф ва яхбандии бисёрсола, таҳкими иқтидори техникию таҳқиқотии давлат, инчунин баланд бардоштани имконоти арзёбӣ ва пешгӯии хавфҳои иқлимӣ ва табиӣ равона гардидааст.
Самтҳои асосии барнома рушди шабакаи истгоҳҳои мушоҳидавии баландкӯҳ, амалӣ намудани низомҳои худкори мониторинг ва технологияҳои муосири зондиронии фосилавии Замин, ташаккули махзани миллии иттилоотӣ, гузаронидани таҳқиқот, инчунин такмили арзёбӣ ва пешгӯии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии криосфера, аз ҷумла хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхиро дар бар мегиранд.
Дар доираи барнома баланд бардоштани ихтисоси беш аз 200 мутахассиси соҳа, гузаронидани таҳқиқот ва экспедитсияҳои муштарак, инчунин мубодилаи маълумоти дақиқ ва таҷрибаи пешқадам пешбинӣ шудааст.
Татбиқи барнома барои таҳкими низоми миллии омӯзиш ва мониторинги криосфера, рушди иқтидори таҳқиқотии мамлакат ва баланд бардоштани самаранокии арзёбӣ ва пешгӯии тағйирёбии пиряхҳо ва хавфҳои вобаста ба онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Он қадами муҳим дар самти татбиқи уҳдадориҳо ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, ба ҳифзи пиряхҳо, тақвияти амнияти обию иқлимӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа мусоидат хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешбурди пайвастаи ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва рушди таҳқиқоти криосфера заминаи миллиро барои татбиқи амалии онҳо тақвият мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шуд. Ҳамчунин бо мусоидати Тоҷикистон ва Фаронса Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 августи соли 2024 қатъномае қабул кард, ки тибқи он солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Ҳадафи ин ташаббус густариши ҳамкории байналмилалии илмӣ, тақвияти таҳқиқоту мониторинги пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои криосфера, инчунин пешбурди тадбирҳои муштарак барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин раванд баргузории Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, инчунин дигар шарикони байналмилалӣ доир карда шуд.
Дар натиҷаи конфронс 31 майи соли 2025 Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо ва «Даъватномаи Душанбе: даъват ба амал» қабул гардиданд. Ин санадҳо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, рушди таҳқиқоти илмӣ ва андешидани тадбирҳои муштарак ба хотири коҳиш додани оқибатҳои обшавии пиряхҳо равона шудаанд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






