Sunday, 29 November 2026
Economy

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст

This page is currently available in Tajik only.

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст

ДУШАНБЕ, 29.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» дар мавсими нави ниҳолшинонии имсола дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав дар беш аз 600 гектар бунёд ва барқарорсозии ҷангалзор пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нақши ҷангалзор дар мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим

Бунёд ва барқароркунии ҷангалзор танҳо тадбири ободонӣ набуда, балки яке аз роҳҳои муҳими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Зеро ҷангалҳо дар нигоҳдории мувозинати экологӣ нақши муҳим дошта, тавассути азхуд кардани гази карбон ба танзими иқлим мусоидат мекунанд. Дарахтон инчунин хокро аз эрозия муҳофизат намуда, ба нигоҳдории намӣ, танзими гардиши об ва ҳифзи макони зисти намудҳои гуногуни набототу ҳайвонот мусоидат менамоянд.

Тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз мушкилоти ҷиддии глобалӣ табдил ёфта, таъсири он ба муҳити зист, захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ ва фаъолияти хоҷагидории инсон бештар эҳсос мегардад. Баландшавии ҳарорати ҳаво, хушксолӣ, тағйир ёфтани реҷаи боришот, обшавии пиряхҳо ва афзоиши равандҳои биёбоншавӣ аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки устувории экосистемаҳои табииро зери таъсир қарор медиҳанд.

Тоҷикистон низ аз таъсири ин равандҳо дар канор нест. Кӯҳсор будани мамлакат, вобастагии захираҳои обӣ аз пиряхҳо ва осебпазирии баъзе минтақаҳо ба хушксолӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассири экологиро бештар мегардонад. Дар чунин шароит ҳифзи ҷангалзор, барқарорсозии майдонҳои осебдида ва афзоиши сарватҳои сабз аҳамияти хос пайдо мекунад.

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҳифзи иқлим

Бояд иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва пешниҳоду иқдомҳои байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим саҳми назаррас мегузорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим ва нигоҳдории пиряхҳоро аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ қарор додаанд.

Бо ташаббуси Президенти мамлакат Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Ҳамчунин 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардид. Ин иқдомҳо ба тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим равона шудаанд.

Инчунин эълон гардидани солҳои 2025–2034 Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ низ ба рушди таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши равандҳои тағйирёбии пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои криосфера мусоидат мекунад.

Дар ин замина бунёду барқарорсозии ҷангалзор низ яке аз самтҳои муҳими амалии сиёсати ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад. Зеро ҷангалҳо дар ҷаббидани гази карбон, нигоҳдории намии хок, пешгирии эрозия, ҳифзи гуногунии биологӣ ва танзими равандҳои табиӣ нақши муҳим доранд.

Аз ин рӯ, татбиқи барномаҳои давлатии ҷангалпарварӣ, зиёд намудани масоҳати дарахтзор ва ҳифзи ҷангалҳои мавҷуда дар баробари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти махсус касб менамояд. Ин тадбирҳо барои таҳкими устувории экологӣ ва мутобиқшавии мамлакат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим замина фароҳам меоранд.

Иқдомҳо дар самти рушди ҷангалзор

Ба иттилои директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён Мирзомиддин Кабирзода, дар самти афзоиши масоҳати ҷангалзор ва парвариши ниҳолҳои гуногун хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои минтақа корҳои муайянро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар ниҳолхона беш аз 230 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни ҷангалӣ ва ороишӣ парвариш карда мешаванд. Қарағоч, санҷид, павловния ва бодоми даштӣ аз ҷумлаи навъҳои парваришёбанда мебошанд.

Дар ноҳияи Шаҳритус низ барои рушди соҳаи ҷангал ва зиёд намудани масоҳати дарахтзор тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Тавре директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритус Давлатёр Идибекзода иброз намуд, хоҷагӣ 22 ҳазор гектарро дар бар гирифта, дар он навъҳои гуногуни дарахтони ҷангалӣ, аз ҷумла қарағоч, зирк, санҷид, олучаи кӯҳӣ ва дигар дарахту буттаҳо парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. Ҳамзамон парвариши павловния ва хуч ба роҳ монда шудааст.

Ин иқдом дар минтақаҳои ҷанубии мамлакат, ки бо ҳарорати нисбатан баланд ва камборишӣ рӯ ба рӯ мешаванд, аҳамияти махсус дорад. Зеро интихоби дурусти навъҳои дарахтон, мутобиқати онҳо ба шароити хоку иқлим ва нигоҳубини пайваста барои ташаккули ҷангалзори устувор замина фароҳам меорад.

Дар ноҳияи Носири Хусрав низ тибқи нақшаи пешбинишуда корҳои бунёд ва барқарорсозии ҷангалзор амалӣ карда мешаванд. Дар маҷмуъ, татбиқи ин тадбирҳо дар се ноҳияи минтақа метавонад ба беҳтар гардидани ҳолати экологӣ, ҳифзи хок ва нигоҳдории захираҳои табиӣ мусоидат намояд.

Буриши ғайриқонунии дарахтон

Аммо дар баробари талошҳо барои зиёд намудани масоҳати ҷангалзор масъалаи буриши ғайриқонунии дарахту буттаҳо низ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ин амал на танҳо қонуншиканӣ, балки омиле мебошад, ки метавонад ба мувозинати табиӣ ва устувории экосистемаҳо таъсири манфӣ расонад.

Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар натиҷаи чорабиниҳои санҷишию назоратӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят 270 ҳолати буридани ғайриқонунии дарахту буттаҳо ошкор гардид. Дар ин ҳолатҳо дар маҷмуъ 620 бех дарахт бурида шудааст, ки 456 бехи онро дарахтони сояафкан ва 164 бехи дигарро дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур 18 парвандаи ҷиноятӣ ва 228 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Ин рақамҳо танҳо ҳолатҳои ошкоршудаи ҳуқуқвайронкуниро инъикос мекунанд. Аммо аз нигоҳи экологӣ масъала фаротар аз шумораи дарахтони буридашуда мебошад. Ҳар дарахти калонсол дар ташаккули муҳити зист, нигоҳдории намии хок, сояафканӣ ва таъмини шароити мусоид барои организмҳои зинда саҳм мегузорад. Аз байн рафтани он метавонад ба якчанд раванди табиӣ таъсири манфӣ расонад.

Кам шудани дарахтон, махсусан дар минтақаҳои хушку нимхушк метавонад ҳарорати сатҳи заминро баланд бардошта, бухоршавии намиро зиёд ва хокро нисбат ба эрозия осебпазир гардонад. Ҳамзамон нобудшавии макони зисти намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот гуногунии биологиро низ зери хатар мегузорад.

Танҳо шинонидани дарахтон кофӣ нест

Ба андешаи коршиносони соҳа, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳангоми таҳлили вазъи ҷангалзор бояд ба назар гирифта шавад, фарқияти байни шинонидани ниҳол ва барқарорсозии воқеии ҷангал мебошад.

Шинонидани ҳазорҳо бех ниҳол ҳанӯз маънои ба вуҷуд омадани ҷангалзори устуворро надорад. Барои ин нигоҳубини чандсолаи дарахтон, обёрии саривақтӣ, ҳифзи онҳо аз чорвои хонагӣ, пешгирии сӯхтор ва назорати доимӣ зарур аст.

Аз ин рӯ, натиҷаи корҳои ҷангалпарварӣ бояд на танҳо аз рӯйи шумораи ниҳолҳои шинонида, балки бо назардошти фоизи сабзишу зиндамонӣ, мутобиқшавии дарахтон ба муҳити маҳаллӣ ва таъсири онҳо ба ҳолати экосистема арзёбӣ гардад.

Ҳамчунин дар минтақаҳои осебпазир ба хушксолӣ истифодаи навъҳои маҳаллӣ ва ба шароити иқлим мутобиқ аҳамияти махсус дорад. Ин равиш имкон медиҳад, ки ҷангалзори бунёдшаванда дар оянда устувории бештар дошта бошанд.

Ҳифзи ҷангал — масъулияти давлат ва ҷомеа

Пешгирии буриши ғайриқонунии дарахтон танҳо бо баргузории санҷишҳо маҳдуд намешавад. Барои ҳалли дарозмуддати ин масъала назорати самаранок, татбиқи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳифзи табиат зарур аст.

Ба иттилои муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷангалсози тоҷик» Хуршед Ҳамидзода, дар ин раванд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, ба хусус сокинони минтақаҳои ҷангалзор тақвият дода мешаванд. Ҳамзамон истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии ҳезум ва фароҳам овардани имконияти алтернативии таъминоти сӯзишворӣ метавонанд ба коҳиши фишор ба ҷангалзор мусоидат намоянд.

«Назорати мунтазами ҷангал, муайян кардани қитъаҳои осебдида ва ҷалби аҳолӣ ба маъракаҳои ниҳолшинонӣ низ аз тадбирҳои муҳим ба шумор мераванд, ки аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал ба роҳ монда мешаванд»,-афзуд Хуршед Ҳамидзода.

Ояндаи сабз-масъулияти имрӯза

Тағйирёбии иқлим моро водор месозад, ки ба сарватҳои табиӣ муносибати масъулона дошта бошем. Бунёди ҷангалзори нав, барқарорсозии ҷангалҳои осебдида ва пешгирии буриши ғайриқонунии дарахтон бояд ҳамчун қисматҳои ба ҳам пайванди сиёсати ягонаи экологӣ амалӣ гарданд.

Дар ниҳоят, муҳим он аст, ки ҳар ниҳоли шинонида ба дарахти сабзидаву устувор табдил ёбад ва ҳар дарахти мавҷуда аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шавад. Зеро ҷангал танҳо маҷмуи дарахтон нест, балки низоми зиндаи табиат, кафили мувозинати экологӣ ва яке аз асосҳои зиндагии солими инсон мебошад.

Ҳифзи як дарахт, нигоҳдории як қитъаи ҷангал ва пешгирии як ҳолати буриши ғайриқонунӣ метавонад қадаме дар роҳи ҳифзи табиат бошад. Ояндаи сабзи Тоҷикистон аз чунин масъулиятшиносӣ ва амалҳои муштараки имрӯза вобастагии зиёд дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Source: Khovar News Agency · khovar.tj