Sunday, 29 November 2026
Economy

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 29.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардидааст. Кишоварзон нақша доранд, ки бозори истеъмолиро бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховра» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдараҳмони Ҷомӣ иттилоъ доданд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҷалол-1»-и Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳия дорои 4 гектар замин мебошад. Дар 2 гектару 70 садяк чигит кошта, дар 10 садяк гармхонаи қулфинай ташкил карда, дар қитъаҳои боқимонда картошка, гандум ва ҷуворимаккаи дон кишт намуданд.

Дар айни замон қулфинайи гармхона дар нашъунамои хуб қарор дошта, кишоварзон аллакай чанд маротиба ҳосили онро ҷамъоварӣ ва ба бозор ба фурӯш бароварданд.

Ниҳолҳои қулфинай моҳи август шинонида шуда, аз моҳи ноябр ба ҳосил медароянд ва ҷамъоварии он то моҳи май идома меёбад. Дар гармхона навъи қулфинайе парвариш карда мешавад, ки сифати баланд дорад.

Парвариши ин навъи буттамева дар гармхона ва бо усули муосири обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, ҳангоми сардиҳои шадид гармхона бо гармӣ таъмин мегардад. Интихоби тухмии босифат, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини саривақтӣ омили асосии баланд гардидани ҳосилнокӣ маҳсуб мешавад.

Имрӯз аксари хоҷагидорони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар баробари пахтакорӣ ба қулфинайпарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj