ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Анҷумани омӯзишҳои таърихи Миср семинари илмӣ оид ба муаррифии китоби «Тоҷикистон — гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, китоби мазкур навиштаи ду донишманди мисрӣ Рифъат Ҳусейн ва Вало Одил буда, бо ҳамкории Сафорат моҳи августи 2026 дар Қоҳира ба нашр расид ва мавриди истиқболи васеъ қарор гирифт.
Дар муаррифӣ таъкид гардид, ки китоб барои огоҳии мисриён ва умуман арабзабонҳо аз таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, урфу одат, давлатдории тоҷикон, нақшгузорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва дастовардҳои замони истиқлол муҳим мебошад.
Муаллифи китоби «Тоҷикистон — гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» доктор Рифъат Ҳусейн, ки мутахассиси барҷастаи забону адабиёти форсӣ аст, ҳадафи таълифи китоб ва мазмуну муҳтавои ҳар боби онро шарҳ дода, ҳамзамон Тоҷикистонро мамлакати зебову дар ҳоли тараққӣ ва тоҷиконро миллати дорои таъриху фарҳанги ғанӣ барои ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар идома Раиси ширкати мисрии «Силикон Воҳа» Одил Дониш, ки яке аз муассисони Парки технологии Миср мебошад, оид ба таассуроти худ аз сафар ба Тоҷикистон ва ободиҳою пешравиҳои Тоҷикистон суҳбат намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






