ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукуҳи консертӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илм Денис Пирес де Карвалиё сухан намуданд.
Дар барномаи консертӣ ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон, навозандагони Оркестри давлатии симфонӣ, сарояндагон ва гурӯҳҳои рақсии миллӣ ҳунари худро манзури меҳмонон намуда, намунаҳои барҷастаи мусиқии классикӣ, анъанавӣ ва санъати миллии тоҷикро муаррифӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






