ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбари Намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ Биляна Милошевич вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки ҳамкории бисёрсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аҳаммияти муҳим дошта, мо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
«Мо нақши муҳими фаъолияти Кумитаро дар ҳифзи ҳаёт ва шаъну шарафи инсонҳое, ки дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона ва дигар ҳолатҳои фавқулода осеб дидаанд, инчунин дар пешбурд ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муҳим арзёбӣ менамоем. Дар ин замина мехоҳам таъкид намоям, ки масъалаҳои такмили қонунгузории миллӣ ва таъмини мутобиқати он ба меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҷойгоҳи муҳим доранд. Мо ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳифзи ҳаёт ва шаъну шарафи инсон, ба хусус дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ва буҳронҳои гуманитарӣ арзёбӣ менамоем», -афзуд Файзалӣ Идизода.
Дар ин замина баргузории семинар дар моҳи октябри соли равон дар бинои Парлумон таҳти унвони «Нақши қонунгузорон дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона», ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташкил карда шуд, мусбат арзёбӣ гардид.
Ин самти фаъолият дар заминаи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки рушди пайгиронаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба таҳкими минбаъдаи арзишҳои башардӯстона ва пешбурди ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона мусоидат хоҳад кард.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






