Saturday, 28 November 2026
Politics

Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд

This page is currently available in Tajik only.

Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  26 ноябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов, ки барои иштирок дар Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия дар кишвари мо қарор дорад, мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот масоили вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар самти саноат баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва омӯзиши кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамчунин, масоили вобаста ба таъсиси парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия, ки дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ» бунёд мегардад, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj