Friday, 27 November 2026
Politics

Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд

This page is currently available in Tajik only.

Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Душанбе муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Полша Радослав Грук мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд ва татбиқи иқдомҳои муштарак изҳори омодагӣ таъкид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj