Sunday, 29 November 2026
Politics

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати «Pasha Malls» вохӯрӣ намуд

This page is currently available in Tajik only.

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон  бо Директори генералии ширкати «Pasha Malls» вохӯрӣ намуд

ДУШАНБЕ, 29.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Директори генералии ширкати «Pasha Malls» Яман Шаҳин баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи идоракунии марказҳои савдо, ҷалби брендҳои байналмилалӣ, инчунин ташкили фаъолияти самараноки молҳои муосирро баррасӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки ширкати Pasha Malls марказҳои савдои бузурги шаҳри Бокуро идора менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj