Saturday, 14 November 2026
Society

Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»

This page is currently available in Tajik only.

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 12 ноябр Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Озмун бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳадафи он ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, кашфу дастгирии истеъдодҳои нав ва тарбияи насли донишманду худогоҳ мебошад.

Сатҳи омодагии довталабон ба озмуни имсола

Дар доираи баргузории ин озмуни муҳими фарҳангиву маърифатӣ довталабон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун донишу маҳораташонро дар самти китобхонӣ, омӯзиш ва таҳлили осори бадеӣ муаррифӣ менамоянд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аъзои ҳакамони озмун дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» Шодӣ Раҷабзод иброз намуд, сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, онҳо дар раванди иштирок дар озмун таҷрибаи бештар андӯхтаанд. Ин ҳолат аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни наврасону ҷавонон ба китобхонӣ ва омӯзиши осори адабӣ, инчунин таъсири мусбати озмун ба рушди маънавию зеҳнии ҷомеа шаҳодат медиҳад.

«Суҳбат бо довталабон ва шиносоӣ бо сатҳи донишашон аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки имрӯз байни наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва дигар намояндагони ҷомеа нафарони зиёде ҳастанд, ки на танҳо мутолиаи фаровон доранд, балки доираи ҷаҳонбинӣ ва сатҳи фаҳмишу дарки онҳо низ васеъ гардидааст. Онҳо метавонанд мазмуну муҳтавои асарҳои хондаашонро таҳлил намуда, андешаву хулосаҳои мустақилонаро баён созанд», -гуфт Шодӣ Раҷабзод.

Нақши озмун дар ташаккули тафаккури зеҳнӣ

Ба андешаи ҳаками озмун, омӯзиши осори бадеӣ дар ташаккули тафаккури зеҳнӣ, рушди қобилият, андешаронӣ, таҳлил ва дарки равандҳои гуногуни зиндагӣ нақши муассир дорад. Зеро адабиёт инсонро ба андешидан, шинохти некию бадӣ, дарки арзишҳои инсонӣ ва муносибати бошуурона ба муҳити атроф ҳидоят менамояд.

Номбурда иброз намуд, ки адабиёт дар ҳама давру замонҳо рисолати бузурги тарбиявию маърифатӣ дошта, яке аз воситаҳои муҳими ташаккули шахсияти инсон ба шумор меравад. Аз ҷумла, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи паёмҳои муҳимми осори адабӣ мебошад.

Дарки идеяи асар аз ҷониби довталабон

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, дар раванди баргузории озмун ҳакамон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки довталабон то кадом андоза асарҳои мутолиакардаашонро омӯхта, ба ҳадафи эҷодии нависанда ва идеяи асосии асар сарфаҳм рафтаанд. Танҳо донистани мазмуни умумӣ ё нақли воқеаву ҳодисаҳои асар барои арзёбии сатҳи дониш кофӣ нест. Муҳим он аст, ки иштирокчиён тавонанд симои қаҳрамонҳо, лаҳзаҳои калидӣ ва ҷузъиёти асарро шарҳ дода, маънои амиқ ва паёми онро дарк намоянд.

«Зеро ҳар асари бадеӣ дар баробари инъикоси воқеаву ҳодисаҳои зиндагӣ дорои идея ва ҳадафи муайяни эҷодӣ мебошад. Нависанда тавассути сарнавишти қаҳрамонҳо, муносибатҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди инсонҳо бо мушкилоти зиндагӣ андешаҳои худро баён намуда, хонандаро ба хулосабарорӣ ва андешаи мустақилона водор месозад. Аз ин рӯ, довталаб бояд на танҳо аз мазмуни асар огоҳ бошад, балки моҳияти ғоявию маънавии онро низ дарк карда тавонад»,- иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

Баланд гардидани ҳувияти наврасону ҷавонон

Ба андешаи Шодӣ Раҷабзод, дар аксари асарҳои ба озмун пешниҳодшуда идеяҳои башардӯстона, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувиятхоҳӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагӣ инъикос ёфтаанд. Омӯзиши чунин осор ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо арзишҳои умумиинсонӣ шинос шуда, дар баробари ин, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон ва ҳувияти миллии худро тақвият бахшанд.

Дар ҳақиқат, шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон барои хонандагон имконият фароҳам меорад, ки аз таҷрибаи таърихию фарҳангии миллатҳои гуногун огоҳ гардида, ба масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон аз дидгоҳҳои мухталиф назар андозанд. Ин раванд дар баробари густариши ҷаҳонбинӣ ҳамчунин ҳисси таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои дигар халқҳоро тақвият мебахшад.

Аз ин нигоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» танҳо як чорабинии маърифатӣ барои муайян намудани ғолибон набуда, балки заминаи мусоид барои ташвиқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, рушди тафаккури эҷодӣ ва таҳкими фарҳанги мутолиа дар ҷомеа мебошад.

Тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи инсонгароӣ

Шодӣ Раҷабзод бар ин назар аст, ки яке аз вазифаҳои муҳими озмун маҳз тавассути мутолиаи осори арзишманди адабӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи инсонгароӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатпарварӣ мебошад. Зеро китобу китобхонӣ дар ташаккули шахсияти комил, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона нақши муассир доранд.

Ҳамин тариқ, афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба мутолиаи адабиёти ҷаҳон ва баланд гардидани сатҳи дарку таҳлили асарҳо аз натиҷаҳои назарраси озмун маҳсуб шуда, бори дигар собит месозад, ки китоб дар ташаккули насли донишманд, соҳибандеша ва дорои ҷаҳонбинии фарох мақоми муҳим дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj