ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар медиҳад.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими таърихӣ барои омӯзиш ва дарки амиқи равандҳои ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти хосса дорад.
Изҳор гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди иқтисоди миллӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ, ташаккули тафаккури инноватсионӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст масъулияти муҳим доранд.
Ректори донишгоҳ аз ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва омӯзиши донишҳои муосир дар рушди илму маориф ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ниҳоди президентӣ дар низоми конститутсионии мамлакат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки таҷлили ин сана дар муассисаҳои таълимӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






