ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак марҳилаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Осоишгоҳ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳурӣ, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва муҳити табиӣ барои ташкили истироҳату солимгардонӣ имкониятҳои хуб дорад.
Изҳор гардид, ки осоишгоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, истироҳат ва беҳдошти саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо бунёд гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади истироҳат ва барқарор намудани саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат Осоишгоҳи «Садбарг» -и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият дорад. Ҳамасола дар ин осоишгоҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таъмини фаъолияти самараноки кормандон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иншооту биноҳои зиёди замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






