ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент сабт гардидааст. Ин сана на танҳо ҷашни расмӣ, балки рӯзи эътироф ва арҷгузорӣ ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол мебошад.
— Маҳз бо иродаи қавии сиёсӣ ва хиради азалии Пешвои миллат Тоҷикистон аз кишвари дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ қарордошта ба давлати сулҳпарвар, соҳибэътибор ва фаъол дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Аз эътирофи сиёсӣ то шарикии стратегӣ
Агар дар солҳои аввали истиқлолият ҳадафи асосии дипломатияи тоҷик берун овардани кишвар аз инзивои сиёсӣ ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарор намудани сулҳ буд, имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 185 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ дорад ва узви фаъоли беш аз 70 созмону ниҳоди байналмилалию минтақавӣ мебошад.
Сиёсати хориҷии «дарҳои кушод», ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, имрӯз самараи воқеии худро медиҳад. Тоҷикистон бо тамоми кишварҳо бар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои миллӣ муносибат мекунад. Мо бо шарикони стратегии худ — Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва ҷаҳони ислом ҳамкории густурда дорем.
Тоҷикистон — ташаббускори масъалаҳои глобалӣ
Имрӯз ҷаҳон Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги об, балки ҳамчун пешвои дипломатияи ҷаҳонии об мешиносад. Ин мақом ба осонӣ ба даст наомадааст.
Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид оид ба об қабул гардид, ки ин дар таърихи ин Созмон бесобиқа аст. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва пешниҳоди эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ якдилона пазируфта шуд, далели равшани афзоиши нуфузи кишвари мост.
Илова бар ин, саҳми Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти минтақавию байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд мегирад.
Ҳадафи имрӯза — дипломатияи иқтисодӣ
Имрӯз дар назди мо вазифаи нав гузошта шудааст — татбиқи дипломатияи иқтисодӣ. Дастури Пешвои миллат равшан аст: ҳар сафорат, ҳар дипломат бояд барои ҷалби сармоя, пешбурди иқтидори содиротӣ ва муаррифии имконияти сайёҳии кишвар кор кунад.
Лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ба мисли Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва CASA-1000, ки Тоҷикистонро ба маркази энергетикии минтақа табдил медиҳанд, маҳз дар натиҷаи боварии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати устувори Президенти мамлакат амалӣ мегарданд.
Рӯзи Президент рӯзи ифтихор аз он аст, ки мо роҳбаре дорем, ки номи Тоҷикистонро дар созмонҳои бонуфузтарин бо овози баланд эълон менамоянд ва ба ифтихорашон Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё баланд бардошта мешавад.
Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






