Tuesday, 17 November 2026
Society

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд

This page is currently available in Tajik only.

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази байналмилалии имтиҳонии «Linguaskill» бо назардошти талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ва стандартҳои муқаррарнамудаи «Cambridge English» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Марказ бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва рақамӣ пурра муҷаҳҳаз буда, барои баргузории имтиҳонҳои байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар марказ утоқи махсуси компютерӣ барои супоридани имтиҳонҳо, ҳуҷраи бақайдгирии довталабон (Registration Room) ва утоқи нигоҳдории ашёи шахсии иштирокчиён (Secure Room) мавҷуд аст.

Таъсиси ин марказ қадами муҳим дар самти рушди низоми арзёбии байналмилалии сатҳи забондонӣ, фароҳам овардани имконоти нави сертификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии донишҷӯёну мутахассисони ватанӣ ба шумор меравад.

Ин иқдом ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои санҷиш ва арзёбии сатҳи дониши забонии довталабон ва донишҷӯён мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ заминаи нав фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Source: Khovar News Agency · khovar.tj