Wednesday, 18 November 2026
Society

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд

This page is currently available in Tajik only.

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд

 ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон бинои иловагии таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Бинои нав бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва бартараф намудани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст сохта шуда, 200 хонандаро дар ду баст фаро мегирад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар муассисаи мазкур маркази инкишофи кӯдак низ ифтитоҳ гардид.

Бунёди чунин иншооти таълимӣ, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани дастрасии хонандагон ба таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Ҳамзамон ба фаъолият оғоз намудани маркази инкишофи кӯдак имконият фароҳам меорад, ки кӯдакони синни томактабӣ ба машғулияти омодагӣ ба мактаб фаро гирифта шуда, қобилияту малакаҳои ибтидоии онҳо ташаккул дода шаванд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода  иброз намуд, ки рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсили насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Ба истифода додани иншооти мазкур дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар роҳи ободониву созандагӣ ва туҳфаи арзишманд ба хонандагону омӯзгорони муассиса буда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj