ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли зимистон бемориҳои мавсимӣ, аз ҷумла бемориҳои шадиди роҳҳои нафас зиёд мешаванд. Дар ин давра махсусан кӯдакон, шахсони калонсол, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин ба сироятҳо бештар осебпазир мешаанд. Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд нишонаҳо ва роҳҳои пешгирии бемориҳои мавсимиро чунин шарҳ медиҳад:
— Пешгирии бемориҳои сироятӣ танҳо вазифаи муассисаҳои тиббӣ набуда, балки масъулияти ҳар шаҳрванд, падару модар ва тамоми аҳли оила мебошад. Риояи одатҳои одии санитарию гигиенӣ, муносибати масъулона ба саломатӣ ва сари вақт андешидани тадбирҳои пешгирикунанда метавонанд паҳншавии бемориҳоро пешгирӣ намуда, саломатии аҳолиро ҳифз намоянд.
Роҳҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ риояи гигиенаи шахсӣ мебошад. Дастҳоро мунтазам бо собун ва оби равон шустан, махсусан баъди бозгашт аз кӯча, истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, пеш аз хӯрок ва баъди ҳоҷатхона аҳамияти муҳим дорад. Ин одати одӣ метавонад хатари сироятёбиро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Ҳамзамон ҳаводиҳии мунтазами ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ҷойи хоб ва дигар утоқҳо, нигоҳ доштани тозагии муҳити зист ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба кам намудани хатари паҳншавии микроорганизмҳои бемориовар мусоидат менамояд. Ҳавои тоза ва муҳити солим яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳли оила ба ҳисоб меравад.
Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ, аз ҷумла баландшавии ҳарорати бадан, сулфа, обравии бинӣ, дарди гулӯ ё беҳолӣ зарур аст, ки шахси бемор то ҳадди имкон аз дигар аъзои оила ҷудо нигоҳ дошта шавад. Ҳангоми сулфа ва атса даҳону биниро бо рӯймолчаи яккарата ё оринҷ пӯшонида, рӯймолчаи истифодашударо сари вақт партофтан ва дастҳоро шустан муҳим мебошад. Истифодаи зарфҳои алоҳида ва риояи тозагӣ низ ба пешгирии сироятёбии дигар аъзои оила мусоидат мекунад.
Ғизои солим ва мутавозин, истеъмоли меваю сабзавоти тару тоза, оби нӯшокии безарар, хоби кофӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ ва фаъолияти муътадили организм аҳамияти калон доранд. Ҳангоми тағйирёбии ҳарорати ҳаво истифодаи либоси мувофиқ ба обу ҳаво, пешгирии хунукшавии организм ва нигоҳ доштани шароити мусоиди ҳароратӣ дар хона низ бояд ба назар гирифта шавад.
Бо мақсади пешгирии зуком ва баъзе бемориҳои сироятӣ ваксинатсия тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва тақвими миллии иммунизатсия аҳамияти махсус дорад. Ваксинатсия яке аз роҳҳои муассири пешгирии бемориҳои сироятӣ ва оризаҳои вазнини онҳо мебошад.
Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ аз истеъмоли худсаронаи антибиотикҳо ва дигар доруҳо худдорӣ намуда, сари вақт ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан зарур аст. Антибиотикҳо бар зидди вирусҳо таъсир надоранд ва истифодаи нодурусти онҳо метавонад боиси муқовимати микробҳо ба дору гардад, ки ин яке аз масъалаҳои муҳими тандурустии ҷомеа мебошад.
Волидайн бояд ба саломатии фарзандони худ диққати махсус зоҳир намоянд. Ҳангоми бемор шудани кӯдак ӯро ба муассисаи таълимӣ ё томактабӣ нафиристода, барои муоина ва табобат ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Ин амал на танҳо ба саломатии худи кӯдак, балки ба пешгирии сироятёбии дигар кӯдакон ва кормандони муассиса мусоидат мекунад. Омӯзонидани қоидаҳои одии гигиенаи шахсӣ ба кӯдакон аз синни хурдсолӣ, ташаккули одати дастшӯӣ, истифодаи рӯймолча ва риояи тозагӣ бояд дар ҳар оила пайваста амалӣ карда шавад.
Риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, муносибати масъулона ба саломатии худ ва наздикон, инчунин ҳамкории оила бо муассисаҳои тиббӣ омили муҳимми пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа мебошад.
АКС аз бойгонӣ
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






