Friday, 20 November 2026
Society

Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид

This page is currently available in Tajik only.

Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе нахустин Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» барои Тоҷикистон ба хотири муаррифии таҷрибаи миллӣ, густариши ҳамкории илмию касбӣ бо Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи конгресс якчанд симпозиуми илмӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, нақши ғизо дар пешгирии бемориҳо, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, эпидемиологияи бемориҳои ғайрисироятӣ, иқтисодиёти тандурустӣ ва такмили низоми фармаконазорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори симпозиумҳо олимон, профессорону докторони илмҳои тиб, намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Онҳо оид ба дастовардҳои илмӣ, таҷрибаи амалии кишварҳо, роҳҳои пешгирии бемориҳо ва татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат маърузаҳо пешниҳод карданд.

Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» инчунин барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, амалӣ намудани дастовардҳои муосири илму технология, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва тақвияти тадбирҳои пешгирикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj