ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва нишони соҳибдавлатии тоҷикон аст. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, ба хусус хизматчиёни давлатӣ мебошад. Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат руҳу илҳом мебахшад.
Дар ҷамъомад инчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни таърихӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии Парчами давлатӣ маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Маърузаҳо мавзуъҳои «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихор ва сарбаландии миллат», «Парчам – рамзи асолат ва ҳувияти миллӣ» ва «Рӯзи Парчами давлатӣ – ҷашни муқаддаси миллӣ»-ро фаро гирифтанд.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандӯстӣ, инсондӯстию фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро ифода намуда, онро устувор намояд.
«Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, шарафмандӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, таҷассуми ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми бонангу номус ва меҳнатқарину бофарҳанги тоҷик маҳсуб шуда, ифодакунандаи ояндаи дурахшони ватани азизамон мебошад»,-изҳор гардид дар чорабинӣ.
АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






