ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Иштирокчиёни конференсия бо намоишгоҳи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Кӯлоб ва осори илмии олимону донишмандони мамлакат шинос гардиданд. Дар он дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи равишҳои рақамӣ дар раванди таълиму тарбия муаррифӣ карда шуданд.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имконияти зеҳни сунъӣ дар таҳия, санҷиш ва арзёбии воситаҳои озмуниро мавриди таҳлил қарор доданд.
Иброз гардид, ки татбиқи усулҳои муосири таҳлили психометрӣ, коркарди маълумоти оморӣ ва низомҳои рақамии арзёбӣ метавонад ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва сифати низоми имтиҳонҳо мусоидат намояд.
Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои рақамӣ истифодаи имконияти зеҳни сунъӣ, низомҳои иттилоотӣ ва воситаҳои инноватсионӣ ба яке аз омилҳои калидии пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, тақвияти иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин ба зарурати рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муҳаққиқони ҷавон ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар ҳалли масъалаҳои муосири илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






