ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони мо бояд хуб донанд, ки парчам танҳо як матои рангаву муҷалло нест, балки он дар худ таъриху тамаддуни оламшумул, фарҳанги пурғановат, озодиву ободӣ ва ормонҳои неки мардуми шарафманди тоҷикро таҷассум менамояд. Вобаста ба ин, ҷавононро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз парчамдориву соҳибдавлатӣ ва оромиву ободии Ватан барои аз худ намудани донишҳои муосир, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ талоши бештар намоянд. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо бояд эҳтиром гузоштан ба парчами давлатиро дар зеҳну андешаи насли наврас ба амали ҳаррӯзаи маънавию маърифатӣ табдил диҳем. Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба миллату давлатро омӯзонем. Дар ин самт бояд оила, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, аҳли илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар нақши фаъол дошта бошанд.
«Парчами давлатӣ имрӯз ҳамрадифи давлату миллат ва дигар муқаддасоти миллии мо буда, аз сарҷамъиву иттиҳод, пешрафту ободӣ, суботи сиёсӣ ва қудрату имкониятҳои азими созандагии миллати тоҷикро дар ҳама гӯшаву канори олам муаррифӣ менамояд»,- хотиррасон намуданд Пешвои миллат.
АКС: АМИТ «Ховар»
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






