Tuesday, 24 November 2026
Society

Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

This page is currently available in Tajik only.

Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Чорабинӣ дар фазои идона бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ доир шуда, ҳадафи асосии он гиромидошти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарбаландии миллати тоҷик арзёбӣ гардид.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода иброз дошт, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи асосии давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, дар он таърихи пурғановат, фарҳанги қадимӣ, ормонҳои миллӣ ва роҳи пуршарафи миллати тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчами миллӣ на танҳо рамзи соҳибихтиёрии давлат, балки нишонаи ваҳдату ҳамбастагӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз рамзҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфта, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ бояд дар замири ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ба хусус насли ҷавон ҳамчун эҳсоси муқаддаси масъулият ва садоқат ба Ватан ҷой дошта бошад.

Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони академия пешкаши ҳозирин карда шуд. Иҷрои сурудҳо дар васфи Ватан, Истиқлоли давлатӣ ва Парчами миллӣ ба чорабинӣ руҳияи тоза бахшида, ҳисси ифтихору муҳаббат ба сарзамини аҷдодиро дар қалби иштирокдорон боз ҳам тақвият дод.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj