ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» роҳпаймоии идона ва ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, иштирокчиён бо Парчами давлатӣ ва аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди донишгоҳ роҳпаймоии идона доир карда, садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ изҳор доштанд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Парчами миллӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои соҳибихтиёрӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳастии давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ нишонаи эҳтиром ба таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, фарҳанги бостонӣ ва ормонҳои миллии халқ мебошад.
«Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаю хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳии шаҳрвандон дар ҷомеа боз ҳам тақвият ёфтааст»,–гуфта шуд зимни ҳамоиш.
Таъкид шуд, ки эҳтиром ва гиромидошти Парчами давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар буда, баргузории чунин чорабиниҳо дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва садоқат ба Ватан аҳамияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 ин ҷониб дар мамлакат 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






