ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои адолати судӣ, ҳуқуқҳои рақамӣ, баробарии гендерӣ ва ҳамкории минбаъдаро баррасӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад.
Дар чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро сафирони якчанд кишвари аъзои ин иттиҳод ҳамроҳӣ карданд.
Зимни мулоқот роҷеъ ба равандҳои охирин дар соҳаи демократия ва ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор намуда, ба масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ, пешгирии шиканҷа, озодии иттиҳодияҳо ва ҳуқуқҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамчунин мавзуъҳои баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон, кӯдакон, ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳамкорӣ бо механизмҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, расонидани кумаки техникӣ барои таъмини волоияти қонун ва иқдомоти минбаъда гуфтушунид анҷом доданд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






