ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар шаҳри Тошканд байни Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои ҳуқуқшиносии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Ҳадаф аз имзои ин санад баргузории даврҳои кӯтоҳмуддати муштарак, таҳияи маводи таълимӣ ва омӯзиши таҷрибаи истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо иштироки ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода ва директори Донишкадаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои ҳуқуқшиносии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон Канязов Есемурат Султамуратович ба имзо раисд.
Дар доираи ин санад омӯзгорони ду муассиса дар асоси фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти адлия маводи таълимӣ омода месозанд. Ҳамчунин коршиносони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳамоишҳо ва машғулияти амалии муштарак ҷалб карда мешаванд.
Ёддошти тафоҳуми баимзорасида барои идомаи табодули таҷриба, таҳияи маводи таълимӣ ва баргузории машғулияти муштарак байни ду муассиса замина фароҳам меорад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






