ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ҳадаф аз он баррасии масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, тақвияти фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ барои иҷрои «Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» мебошад.
Зимни форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар мамлакат ҳифзи ҳуқуқу манифатҳои кӯдак яке аз масъалаҳои сиёсати иҷтимоии давлат буда, таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Таъкид карда шуд, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва инсонпарваронаи мо вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва аҳли ҷомеа аз фароҳам овардани муҳити ба кӯдакон созгор, таъмини зиндагии хушбахтона, таълиму тарбияи мукаммал ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон иборат мебошад.
«Қабули «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ба таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин беҳтар намудани шароити нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакон равона шудааст», — афзуд муовини Сарвазири мамлакат.
Дар форум таъкид гардид, ки бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ барои дастгирии оилаву кӯдак ва ислоҳоти низоми идоракунии низоми ҳуқуқи кӯдак, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавию ҷисмонии кӯдакону наврасон механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ба монанди Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис ва ҳамчун мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон муайян ва таъйин шудаанд.
Бояд иброз намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон меандешад, то ба онҳо шароити зиндагии арзанда ва шоистаи ифтихорро фароҳам оварад.
Масъалаи ҳифзи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар қонунгузории мамлакат бо ин мақсад заминаи меъёриву ҳуқуқии муносиб гузошта шудааст. Аз ҷумла, ворид намудани иловаҳо ба моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хусуси иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон яке аз ин тадбирҳои зарурӣ дониста мешавад.
Пас аз ҷаласаи умумӣ иштирокчиён дар чор самти асосӣ ва гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, мониторинг ва маълумотро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои муайян намудани мақомоти масъул, тартиби мубодилаи маълумот, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар анҷом Эъломияи форум қабул карда шуд. Эъломия уҳдадориҳои муштараки иштирокчиёнро барои тақвияти фаъолияти комиссияҳо, такмили механизмҳои ҳифзи кӯдак, рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ ва амалӣ намудани воситаҳои муосири рақамӣ инъикос менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






