Дастаи «Фенербахче»-и Туркия дар бозии даври чоруми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2026/27 бар «Ливерпул»-и Англия бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Улкер Фенербахче Шукрю Сараҷоғлу»-и шаҳри Истамбул баргузор гардид.
Бозӣ бо бартарии меҳмонон оғоз шуд ва дар дақиқаи 25-ум нимҳимоятгари ҷавони «Ливерпул» Трейморис Нйони ҳисобро кушод. Аммо мизбонон зуд ҷавоб доданд. Дар дақиқаи 29-ум ҳамлагари англис Мейсон Гринвуд тӯбро вориди дарвозаи «сурхҳо» карда, натиҷаро баробар намуд.
Дар нимаи дуюми вохӯрӣ рақобат боз ҳам шиддат гирифт. Дар дақиқаи 69-ум ҳамлагари шведӣ Александр Исак баъди паси Коди Гакпо гол зада, «Ливерпул»-ро дубора ба пеш баровард.
Бо вуҷуди ин, футболбозони «Фенербахче» таслим нашуданд. Қаҳрамони асосии дақиқаҳои ниҳоӣ ҳимоятгари даста Арчи Браун гардид. Ӯ дар дақиқаи 73-юм ҳисобро 2:2 кард ва шаш дақиқа пас ба ҳамлагари косовӣ Ведат Мурикӣ паси головар дода, барои голи ғалаба замина гузошт.
Ҳамин тавр, «Фенербаҳче» бо нишон додани иродаи қавӣ ва бозгашти таъсирбахш «Ливерпул»-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, се имтиёзи муҳим ба даст овард.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






