Роҳбарияти бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» тасмим гирифтааст, ки Майкл Кэррикро аз мақомаш озод кунад. Дар ин бора рӯзноманигор ва инсайдери маъруф Фабритсио Романо дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст.
«Манчестер Юнайтед» оғози мавсими имсолаи Премйер-лигаи Англияро ноком паси сар мекунад. Дастаи шаҳри Манчестер пас аз 10 бозии аввал ҳамагӣ як ғалаба ба даст оварда, бо натиҷаҳои заиф дар зинаи 18-уми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Қаблан хабар дода мешуд, ки роҳбарияти бошгоҳи шаҳри Манчестер ният дорад мутахассиси аргентинӣ Маурисио Почеттиноро ба вазифаи сармураббӣ таъйин кунад.
Ҳоло, Почеттино роҳбарии мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба уҳда дорад. Ӯ қаблан дар Англия бо бошгоҳҳои «Саутгемптон», «Тоттенҳэм» ва «Челси» фаъолият кардааст.
Ҳамин тариқ, эҳтимол дорад, ки Почеттино сармураббии нави «Манчестер Юнайтед» гардад. Ҳоло, таъйини ӯ ва барканории Кэррик то ҳол ба таври расмӣ аз ҷониби бошгоҳ тасдиқ нашудаанд.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






