Friday, 13 November 2026
Sport

Ҷудокорони тоҷик соли сеюм аст, ки дар мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2026 иштирок намекунанд

This page is currently available in Tajik only.

Ҷудокорони тоҷик соли сеюм аст, ки дар мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2026 иштирок намекунанд

Имрӯз дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2026 оғоз гардида, то рӯзи 15-ум ноябр идома мекунад. Дар мусобиқа 462 ҷудокор аз 66 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар мусобқаи мазкур 11 ҷудокор бояд муаррифӣ мекарданд, аммо бинобар сабаби нагирифтани раводид намояндагони кишвари мо дар мусобиқа ҳузур пайдо карда натавонистанд.

Тибқи иттилои пешинаи Федератсияи байналмилалии ҷудо Тоҷикистонро дар мусобқаи мазкур 11 ҷудокор – Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Нурулло Аҳмадов (-60 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (-66 кг), Эҳсон Сафарзода (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Бахтиёр Бозоров (-81 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (+100 кг) бояд муаррифӣ мекарданд.

Қобили зикр аст, ки ҷудокорони тоҷик давоми 2 соли охир дар мусобиқаҳои Zagreb Grand Prix 2024 ва Zagreb Grand Prix 2025 иштирок надоштанд. Ҳамакнун, соли сеюм мешавад, ки мусобиқаҳои Zagreb Grand Prix бидуни ҷудокрони тоҷик мегузарад.

Соли 2023 бори охир намояндаҳои Тоҷикистон Обид Ҷебов (-66 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) дар мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2023 ширкат варзида, бидуни медал монда буданд.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj