Saturday, 14 November 2026
Sport

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд

This page is currently available in Tajik only.

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2026 бозии дуюми дӯстонаашро дар шаҳри Дубай баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, рақиби наврасони тоҷик дар ин бозӣ тими мунтахаби наврасони Фиҷи буд. Вохӯрӣ 11 ноябр дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор шуда, бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Қаблан, дар дидори якуми дӯстона дар Дубай дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Кот-д’Ивуар мусовӣ – 1:1 карда буд.

Рақобати ниҳоии санҷишии шогирдони Игор Суров дар ҷамъомади Дубай 15 ноябр бар муқобили ҳамсолонашон аз Танзания баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj